Ҳикмати Рӯдакӣ

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 5
  • Минбаъда

Дар Маркази ҷавонони Ҷамоати деҳоти Дурбат чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ бо иштироки раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода, муовини аввали Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа, Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, Шоираи халқии Тоҷикистон Зулфия Атоӣ ва аҳли адабу сокинони ҷамоат баргузор гардид. Чорабиниро раиси шаҳр ифтитоҳ бахшида зикри он дошт: “Мардуми сарбаланди шаҳри Ҳисор, аз ҷумла сокинони Ҷамоати деҳоти Дурбат бо ифтихор аз соҳибистилолии худ 26-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатиро ҷашн гирифта, бори дигар собит намуданд, ки бо сарварии роҳбари хирадманд ва ғамхори миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурии мустақил, озоду обод, демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ умр ба сар бурда, барои ояндаи дурахшони мамлакати сабзу хуррами худ кору пайкор доранд.
Дар идомаи ин ҷашни бузург ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардидани Рӯзи Рӯдакӣ бори дигар аз он дарак медиҳад, ки имрӯз калому паёми устод ҳидоятгари ҷомеаи мо ба сӯи арзишҳои маънавӣ, тараннуми инсонгароӣ, ахлоқи олии инсонӣ ва маънавиятпарвариву мардумсолорӣ ба шумор рафта, нуфузи ҷаҳони андешаҳои ӯ ба таъмини ниёзҳои ахлоқи ҷомеаи башарӣ тавассути фармудаҳои устод ишорат мекунад…
Устод Рӯдакӣ на фақат асосгузори адабиёти классикии тоҷикиву форсӣ, балки рамзи истиқлолхоҳӣ, бедориву хештаншиносӣ, ҳамчунин рамзи забон ва фарҳанги куҳанбунёди мост.
Ашъори устод Рӯдакӣ саршори эҳсосоти инсонпарварона буда, асрҳост, ки моро дар ин руҳия тарбия менамояд. Устод Рӯдакӣ маъниву мақсади асосии зиндагии инсонро пеш аз ҳама дар некиву накӯкорӣ мебинад. Шоир таъкид месозад, ки инсон дар умри гузарону кӯтоҳи хеш бояд ҳар чӣ бештар аз худ некӣ ба ёдгор гузорад.
Ин консепсияи инсонпарваронаи устод Рӯдакӣ дар ҳама давру замонҳо мақсаду матлаби ҳамешагии бани башар буд. Хусусан, дар замони муосир, ки ҷаҳонишавӣ, бӯҳрони маънавӣ, ҳуҷуми фарҳангҳои бегона, ифротгароӣ, одамрабоӣ барин даҳҳо зуҳуроти номатлуб, ки шаъну шарафу инсонҳоро паст менамояд, эътибори афкори ахлоқиву ҳикматомези устод Рӯдакӣ ба маротиб меафзояд…
Рӯзи Рӯдакӣ – рӯзи шинохти тамадунни миллӣ, забони модарӣ ва рамзи ҷовидонаи миллати фарҳангсози тоҷик бароятон фархунда бод.»
Адибон Ато Мирхоҷа, Саттор Турсун, Зулфия Атоӣ, ҳунарманди маъруф Шодӣ Муҳаммадҷонов аз чакидаҳои хомаи худ қироат намуда, шинохти устод Рӯдакиро шинохти ҳастии имрӯзу фардои миллат арзёбӣ карданд.
Баъдан барномаи консертии ҳунармадони ҷамоат манзури аҳли толор гардид, ки фарогири ашъори гуҳарбори устод Рӯдакӣ буд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru