Ғолибият муборак!

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 9
  • Минбаъда

Қадршиносии пешқадамони арсаи меҳнат, бахусус дар маъракаи ғунучини пахта дар шаҳр анъанавӣ гардида, ба шарафи ғолибон парчами ифтихору сарбаландӣ барафрохта мешавад. Дар ин лаҳзаҳои нек бори дигар ҳамаи мо, мардуми сарбаланду меҳнатқарин, аз ҳикмати деринаи халқамон ёдовар мешавем, ки фармудаанд, меҳнат шараф аст!

Имрӯз низ ҷиҳати арҷгузорӣ ба меҳнати мардони майдон, азму талоши деҳқони шарафманд дар ин майдони таърихӣ, ба ифтихори ҷамъбасти бистрӯзаи аввали мавсими пахтачинӣ ҷамъ омадаем, то аз заҳмати деҳқонони меҳнатқарин қадрдонӣ намоем- иброз дошт раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода.

Зикри он дорем, ки дар 20-рӯзи аввали ҷамъоварии пахта кооперативи тиҷоратии Латиф Муродов ба гирифтани ҷои якум, Корхонаи воҳиди таълимӣ-таҷрибавии «Ҳисор» ҷои дуюм ва Хоҷагии таҷрибавии Зироаткорӣ сазовори ҷои сеюм гардида, бо маблағи пулии се, ду ва ҳазор сомонӣ қадршиносӣ гардидаанд. Ҳамчунин хоҷагиҳои деҳқонӣ ва бригадаҳое, ки аз иҷрои нақшаи солона муҷда расониданд ва чинакчиёни беҳтарин низ бо мукофоти пулӣ қадршиносӣ шуданд.

Пахтакорони шаҳр бо истифода аз обу ҳавои мусоид ҳосили хуб парвариш ва рӯз то рӯз хирмани тиллои сафедро бошукӯҳтар намуда, то имрӯз нақшаи солона ҷамъоварии пахтаро 55.6 фоиз иҷро намуда, дар байни шаҳру ноҳияҳои пахтакори ҷумҳурӣ дар мақоми дуюм қарор доранд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru