ТАБРИКИ Раиси шаҳр бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ

http://www.zoofirma.ru/

Сокинони Тоҷикистон азиз, аз ҷумла мардуми шарафманди шаҳри Ҳисор ҳар сол санаи 30 сентябрро ҳамчун Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо руҳияи баланди худшиносию худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз осори ин суханвари маъруф, ки бо ҳикмати оламгир, андешаҳои ирфонӣ, панду ақидаҳои ахлоқӣ ва афкори арзишманди маънавӣ асрҳои аср ҷаҳони ботинию маънавии аҳли башарро мунаввар намуда, оламиёнро ба ваҳдату якдилӣ ва эҳтироми ҳамдигар ҳидоят кардааст, таҷлил менамоянд. 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр кардаанд: «Таълимоти Ҷалолуддини Балхӣ гуногунҷабҳа буда, тамоми паҳлӯҳои зиндагии инсон, андеша, тафаккур ва талаботи рӯзмарраи аҳли башарро фаро мегирад…
Барои таълимоти ӯ нақши ҳиссу ақл дар масъалаҳои маърифати олам, манзалати муҳит ва тарбия дар ташаккули ахлоқии инсон, мақоми дигар омилҳои иҷтимоӣ дар ҳаёти мардум низ хеле муҳим аст».
Осори безаволи шоир, амсоли «Маснавии маънавӣ», «Девони Шамс», «Маҷолиси сабъа», «Фиҳи мо фиҳи» ва «Мактубот» аз беҳтарин асарҳои адабиёти классиски тоҷик маҳсуб ёфта, чун ганҷинаи ҳикмату маориф, ҳикоёти дилпазир, хазинаи шеъру ирфон маҳбуби ҳамагон гардидааст.
Дар замони муосир, ки тамаъҷӯии давлатҳои абарқудрат боиси даргирию ғоратгарӣ, бесарусомнию ҷангҳои бемаънӣ дар чанд кишвари олам аст, омӯзиш ва тарғиби осори ин адиби зиндаёд, васлгари дилҳо ва баҳамоварандаи адёну тамаддунҳо буда, шоир ҳанӯз дар замони худ моро панд додааст:
Мо барои васл кардан омадем,
Не барои фасл кардан омадем.
Фарорасии ҷашни бузургдошти адиб ва мақоми сухани воло -  Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро ба сокинони шаҳри Ҳисор ва ба ҳамватанони азиз муборакбод гуфта, итминони комил дорам панди оламгири шоир моро дар роҳи расидан ба олитарин мақсаду ормонҳои давлатдорӣ мададгор хоҳад буд.
Рӯзи мавлуд ва бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ муборак, ҳамдиёрони азиз.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru