Ватан ишки ту ифтихорам…

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 11
  • Минбаъда

Санаи 2 октябр беш аз 100 нафар ҷавонони далеру шуҷоъ ва ҳомиёни арзандаи Ватан, ки бо хоҳиши худ ба Комиссариати ҳарбии шаҳр ҳозир шуданд ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон сафарбар гардиданд. 
Дар чорабинии мазкур, ки бо иштироки волидайни наваскарон, собиқадрони меҳнат, ҷанговарони башардӯст ва ҷавонони шаҳр дар регистони Қалъаи Ҳисор баргузор гардид, раиси шаҳри Ҳисор сухаронӣ намуда, таъкид бар он дошт, ки:
«Кувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз манфиатҳои давлати соҳибистиклоламонро сарбаландона ҳимоя намуда, рисолати касбии худро ба ҷо меорад ва дар таъмини зиндагии орому осуда, сулҳу ваҳдати комил, амнияти миллӣ, якпорчагӣ ва пойдории давлат саҳми таърихӣ ва беназир дорад.»
Баъдан раиси шаҳр барои тарбияи чунин абармардони миллат ба падару модарони наваскарон изҳори сипосу эҳтиром намуда, дар роҳи адои қарзи шаҳрвандӣ барояшон саодату кушоиш ва далериву сарбаландиро таманно кард. Дар чорабинии мазкур ҳамчунин падару модарон, собикадорон, адибон ва ҷавонони даъватшуда суханронӣ намуда, эътикоди худро ба Пешвои миллат, ободии диёр ва шукуфоии он иброз доштанд.
Чорабини бо раҳпаймоии наваскарон ва ҷавонони шаҳр оғоз гардида, баъдан барномаи консертӣ манзури аҳли нишаст гардид ва нишон аз он буд, ки ҷавонон бо шукргузори аз фазои орому осуда ва ваҳдати сокинони кишвар хизмат дар сафи Артиши миллиро ихтиёр кардаву мукаддасии обу хок ва ҳастии онро дарк кардаанд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru