Баргузории иҷлосияи дувоздаҳуми Мачлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати панҷум.

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Санаи 3 сентябри соли ҷорӣ иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати панҷум баргузор гардид.
Кори иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати панҷумро раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода ифтитоҳ бахшида, вакилонро бо масъалаҳои рӯзнома ва тартиби баргузории он шинос намуд. Баъд аз баррасии масъалаҳои зикршуда, аз ҷониби вакилони халқ қарорҳои дахлдор ба тасвиб расид. Раиси шаҳр дар назди вакилон ҷиҳати иҷрои масъалаҳои баррасигардида ва татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистон, омодагии соҳаҳо ба татбиқи талаботи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Ҳисор барои солҳои 2018-2022 ва дигар масъалаҳои муҳим вазифаҳои мушаххас гузошт.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru