Табрики Раиси шаҳр бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

http://www.zoofirma.ru/

Ҳамдиёрони гироми!
Ҳар сол санаи 5 октябр дар қаламрави мамлакат Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихор аз пойдории истиқлолияту устувории ваҳдати миллӣ бо тантана таҷлил карда мешавад.
Забон як рукни асосии давлатдории ҳар миллат буда, мақому манзалат ва таъсири он дар ҷомеа ба ақлу хирад ва маърифати мардуми соҳибзабон вобаста аст.
Қабули қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» боз як дари пӯшидаи даргоҳи ватандорию ватандӯстдориро ба рӯи аҳли ҷомеа боз намуд ва бахшида ба ин мавзӯъ дар насру назм чанд асари илмию бадеӣ интишор ва забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ эътироф ва соҳибмақом гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд;
«Забони ҳар миллат ёдгории азизест, ки решаи он аз сарчашмаи чандин наслҳои наҷоди ӯ об хӯрда, мояи ифтихору худшиносии наслҳои баъдина мегардад.
Ин забон фақат барои он зинда ва поянда монд, ки ҳиссиёти бародарӣ, якдигарфаҳмӣ ва равшан намудани роҳи ваҳдату бунёдкориро софдилона ва тоҷикона сутудааст. Ба ин суннати олии забонамон содиқ будан шарафи бузург аст.»
Сокинони шаҳри Ҳисор низ чун дигар аҳли ҷомеа забони давлатиро чун шиносномаи миллати хеш эътироф карда, дар роҳи омӯзиш, тарғиб ва бузургдошти забони модарӣ амалҳои назаррасро ба сомон расонидаанд. Бо забони тоҷикӣ ба роҳ мондани санаднигорӣ дар ҳама самтҳои давлатдорӣ, номгузории корхонаву муассисаҳо, кӯчаву хиёбонҳо, интишори асарҳои илмию таҳқиқотӣ хуллас эътирофи ин забон чун забони давлатӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки забони тоҷикӣ чун нишони бақои миллат дар таърихи навини давлатдориамон дубора ҷойгоҳи худро ёфтаву марҳилаи рушду такомули худро фарогир буда, нигоҳдошт ва рушди он ба маърифату орияти ҳар фарди соҳибзабон вобаста аст.
Бошад, ки бо шарофати ҷашни муқаддаси давлатдориамон - Рӯзи забони давлатӣ ба ҷамъи соҳибзабонон накӯтарин ормонҳои зиндагӣ насиб ва он чун мояи ифтихори тамоми тоҷикону тоҷикистониён барои имрӯзу фардо ва фардоҳои дигар бегазанд ҷовидон бимонад.
Рӯзи забони давлатӣ муборак, ҳамшаьриёни азиз.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru