Мароми халқ-мароми мо

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 7
  • Минбаъда

Баргузории Рӯзи қабули раиси шаҳр дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот тариқи «Равзанаи ягона» идома дошта, санаи 5 октябр дар ҷамоати деҳоти Деҳқонобод 24 нафар шаҳрвандон барои ҳалли мушкилоти хеш ба раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода муроҷиат намуданд. Муроҷиати шаҳрвандон бештар ба масъалаҳои ҷудо кардани қитъаи замин барои бунёди манзил, таъмин бо оби нӯшокӣ, таъмири роҳ, бунёди варзишгоҳ, мактаб ва бунгоҳ дахл дошт ва раиси шаҳр масъулонро вазифадор кард, ҳар муроҷиатро дақиқ мавриди омӯзиш қарор дода, аз натиҷаи корҳои иҷрошуда ахбори хаттӣ ирсол намоянд.
Баъдан дар маҷлисгоҳи хоҷагии ба номи Латиф Муродов бо иштироки фаъолон, аҳли зиё, собиқадорон, ходимони дин, табибон ва омӯзгорон мулоқоти раиси шаҳр баргузор гардид, ки дар он фаъолияти дастгоҳи ҷамоат дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ мавриди таҳлил қарор гирифт. Пас аз маърӯзаи раиси шаҳр сокинон бо саволҳои худ посух гирифтанд ва иҷрои ин амал дар баробари таъмини шафофияти амал ҳамкории мақомоти маҳаллиро бо аҳолӣ густариш бахшид. Баргузории рӯзҳои қабули раиси шаҳр дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот идома дорад.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru