Забон васлгари дилҳо

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 8
  • Минбаъда

Сокинони Тоҷикистон, аз ҷумла, мардуми сарбаланди шаҳри Ҳисор хуб дарк кардаанд, ки тамаддун, таърих ва осори бемисли адибони классику муосир маҳз бо шарофати бақои забони модарӣ то рӯзгорӣ мо барҷо мондаву ин забон давоми ҳазор сол чун забони давлатдории сулолаҳои Ғазнавиёну Қарохониён, Салҷуқиёну Темуриён, Шайбониён, Аштархониён ва Манғитиён хизмат карда, бо халқи тоҷик дар умри худ пастиву баландиҳои рӯзгоррро бо ҳам дидааст-иброз дошт дар сухани муборакбодии худ раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон. Чорабинии мазкур бо иштироки беш аз се ҳазор сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар ҷамоати деҳоти Мирзо Турсунзода баргузор гардид. Барномаи таҳиякардаи аҳли санъати ҷамоат ва иштироки ҳунармандони маъруф Афзалшоҳи Шодӣ ва Эркин Одинаев аз ҷониби ҳозирин худ пазироӣ шуд. Намоиши китобҳои тозанашр, ташкили озмуни рӯзномаҳои деворӣ ва маҳфили адабии аҳли қалам шаҳр низ дар сатҳи баланди маънавию ташкилӣ баргузор шуд.
Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru