Ҷамъбасти нуҳ моҳи фаъолият

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 5
  • Минбаъда

Дар толори мақомоти иҷроияи қокимияти давлатии шаҳр маҷлиси ҷамъбасти фаъолият дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ бо иштироки раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода, муовинони раиси шаҳр, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъба ва бахшҳо, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони кумитаи маҳал, роҳбарони хоҷагиҳо, идора, корхонаҳои саноатӣ, бонкҳо, муассисаҳои таълимӣ ва воситаи ахбор баргузор гардид.
Дар маҷлис натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ва вазифаҳои минбаъда мавриди баррасӣ қарор гирифт ва доир ба масъалаи мазкур муовини раиси шаҳр Абдуллозода У.Б. маърӯза кард.
Пас аз маъруза раиси шаҳр масъалаи мазкурро мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор дода, натиҷаҳои фаъолиятро дар нуҳ моҳи соли равон хуб арзёбӣ кард. Мавсуф ҳамчунин дар назди масъулон вазифа гузошт, ки дар идомаи фаъолият доир ба таъмини сифатнок ва самараноки нақшаҳои буҷет, дарёфти сарчашмаҳои иловагии андозбандӣ, ҷалби тамоми манбаю захираҳои молиявӣ ба даромади буҷет, кам кардани бақияи қарзи андоз ва пешгири намудани пайдошавии бақияпулиҳои нав, ба танзим овардани ҳаракати нақлиёт, таъсиси самтҳои ҳаракат, саривақт анҷом додани кишти тирамоҳӣ, пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, таъмини либоси мактабӣ, аз байн бурдани сарулибоси бегона, иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ” ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», сари вақт иҷро намудани даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва муташаккилона гузаронидани маъракаи обуна ба рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ эътибори ҷиддӣ зоҳир намуда, ӯьдадорию нақшаҳои солонаи худро иҷро ва бо ин васила барои рушди устувори соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳр саҳмгузор бошанд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru