Таҷлили Иди Меҳргон

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

Иди Меҳргон ҳамчун рамзи тирамоҳи зарринрў, айёми ҷамъоварии ҳосил ҳамасола дар саросари кишварамон бо тантана ҷашн гирифта мешавад. Шукўҳу шаҳомати таҷлили имсолаи ин иди қадимаи тоҷикон то дергоҳ дар лавҳи хотирҳо нақш мебандад. Ҷашни имсолаи Меҳргон дар боғи Ирами шаҳри Душанбе баргузор гардид. Ба ин гўшаи зебоманзар намояндагони кишоварзону аҳли фарҳангу зиё аз шаҳру навоҳии гирду атроф бо дастовезҳои зиёд, намунаҳои дастранҷи хеш, молу маҳсулот, шеъру суруду оҳангҳои тоза ҷамъ омаданд. Намояндагони Ҳисори бостон низ дар ин чорабинӣ ниҳоят фаъол буданд. 
Ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, хоҷагиҳо дар ин ҷашн иштирок доштанд, - гуфт зимни суҳбат сардори Раёсати кишоварзии шаҳр Ҷаббор Мусофиров.
Онҳо намоиш - фурўши гўшту шир, мевагӣ, сабзавот, тарбузу харбуза, мураббою консерва ва афшураю нўшокиҳои ташнашиканро ба роҳ монданд, ки мақбули харидорон гардид.
Иди Меҳргонро барномаи консертӣ, суруду навои дилошуби санъаткорони Ҳисори Шодмон боз ҳам хушу дилписанд ва хотирмон гардонд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru