Тозагии муҳитро таъмин мекунем!

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Дар шаҳру деҳоти Ҳисор субҳи имрӯз аҳолӣ дастҷамъона ба ҳашар баромада, дар нигоҳдории тозагии муҳит, роҳраву гулгашт ва ҷуйбору манзили худ саҳми мунир гузоштанд. Бо шарофати баргузории ҳашар ва ба истиқболи ҷашну идҳои муқаддас дар ҳама деҳаву хоҷагиҳо, корхонаву муассисаҳо ва марказҳои аҳолинишин муҳит ба худ симои гуворо гирифта, завқи зебоипарастӣ, обод нигоҳдории макон ва сарзабзу хуррамгардонии атроф мароми сокинон қарор дошт. 
Бояд тазаккур дод, ки дар шаҳри Ҳисор тибқи нақшаи махсуси аз ҷониби раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода тасдиқ гардида, ҳар ҳафта рӯзи шанбе мардум дастҷамъона ба ҳашар баромада, диёр ва манзили худро бештару беҳтар ободу хуррам мегардонанд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru