Аҳсант ба ғолибон

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

Дар майдони назди Парчами давлатии шаҳри Ҳисор ба ифтихори пахтакорони шаҳр-зафармандони арсаи меҳнат, ки нақшаи истеҳсоли пахтаро сарбаландона иҷро карданд, чорабинии тантананок баргузор гардид.
Раиси шаҳр Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода зафармандони меҳнатро бо ин нусрату ғолибият муборакбод намуда, барои дигар вазъи соҳаро мавриди таҳлил қарор дода, барои пешбурди фаъолият, ҷамъоварии беталафи ҳосил, вусъати корҳо дар самти шудгор, кишти тирамоҳӣ ва замингузорӣ ба ҳосили соли оянда вазифаҳои мушаххас гузошт.
“Дар конспексияи сиёсати аграрӣ омадааст, ки пахта маҳсулоти асосии содиротӣ мебошад ва баланд бардоштани самарнокии пахтакорӣ ба вазъи иқтисодии на танҳо соҳа, балки тамоми ҷумҳурӣ низ вобаста аст. Ислоҳоти сектори пахтакорӣ бояд ба ҳалли бӯҳрони қарзӣ, дастрас будани соҳа ба захираҳои қарзӣ ва молиявӣ, истеҳсолоти маҳсулоти рақобатнок равона карда шавад. Бинобар ин мукаммалгардонии технологияи парвариши пахтаю истифодабарии техникаи муосир, коркарди навъҳои беҳтарини тухмиҳо, мустаҳкам намудани базаи моддӣ – техникӣ, механизатсияи корҳои саҳроӣ, эътимоднокии фаъолияти системаҳои ирригатсионӣ ва обёрикунӣ имконият медиҳад, ки соли оянда дар баробари ба 3 ҳазор расонидани кишти пахта кишоварзони шаҳр вазифадоранд, ҳосилнокиро ба 30 сентнер аз ҳар гектар расонанд.” – иброз дошт Раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода
Бояд тазаккур дод, ки дар ҳаҷми умумии истеҳсоли пахта саҳми хоҷагиҳои пахтакор, аз ҷумла, Кооперативи тиҷоратии Латиф Муродов, Дзерҷинский, «Абдурауф Юсупов», «50 - солагии Октябр», Зироаткорӣ, «20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон-1», корхонаи воҳиди таълимӣ - таҷрибавии Ҳисор ва хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо басо назаррас аст. Онҳо тавонистанд аз ҳар як гектар зиёда аз 26 сентнер ҳосил ба даст оранд.
Ҳамчунин саҳми хоҷагиҳои деҳқонию ёрирасони ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот «Файзрези Олимиён», «Мансур-2011», «Меҳнат», «Идибек», «Саттори шоҳ», «Дурбат-2009», «Тавакал-2011», «Беҳруз-2008» ва «Ҳоҷиён» назаррас буда, деҳқонони ин хоҷагиҳо аз ҳар як гектари киштгардида то 35-40 сентнерӣ ҳосил рӯёниданд.
Ғолибони мусобиқа бо мукофотҳои пулӣ қадршиносӣ шуданд ва ҷамъоварии ҳосили боқимонда бо суръат идома дорад.
Пахтакорони шаҳрро бо ин музаффарияти меҳнатӣ таҳният гуфта, барояшон фатҳи қуллаҳои азимро дар ҷодаи фаъолият таманно дорем.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru