Табрикоти Раиси шаҳри Ҳисор бахшида ба Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

http://www.zoofirma.ru/

Ҳамдиёрони гиромӣ!
Фарорасии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо иродату ихлос аз ҳастию амали сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки тавассути он ин санади тақдирсозу фардобахши миллат моро насиб гардидааст, бароятон муборакбод гуфта, зиндагии орому осуда, фаровонии неъмат ва фараҳу шодмонии ҷовидонаро таманно дорам.
Бо такя аз ҳастӣ ва муҳимияти ин ҳуҷҷати сарнавиштсози миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд: «Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун ифодагари азму ирода, равшангари роҳи ҳаёти мардум воқеан санади тақдирсозест, ки низоми давлатдориро муайян намуда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунад».
Конститутсияи Тоҷикистон баёнгари ҳадафҳои асосӣ ва ниҳоии давлат дар роҳи ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳифзу ҳуқуқи озодиҳои инсон ва шаҳрванд, сарҷамъиву муттаҳидӣ ва таъмини ниёзҳои иқтисодиву иҷтимоии халқ буда, бо шарофати он Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ чун давлати мустақил ва дорои сиёсату тамаддуни пойбарҷо эътироф ва шуҳратёр гардидааст.
Сокинони шаҳри Ҳисор ин ҷашни фархундаи давлатиро бо дастовардҳои назарраси меҳнатӣ пешвоз гирифта, бо шарофати сиёсати бунёдгаронаи Пешвои миллат азми он доранд, пойдории ваҳдати миллӣ, оромии ҷомеа ва муқаддасии қонунро омили муҳими пешрафт ва саодатбахши ҷомеа маҳсуб дониста, Рӯзи бахтномаи миллатро бо натиҷаҳои хуби меҳнатӣ пешвоз бигиранд ва устувор ба ормонҳои давлатдорӣ кору зиндагӣ намоянд.
Бо шукргузорӣ аз фазои орому осуда, тантанаи адолати қонун, пойдории давлати ҳуқуқбунёду демократии тоҷикон ва шодиву фараҳи рӯзгор бори дигар сокинони шаҳрро ба муносибати 23-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод гуфта, барояшон саломатӣ, рӯзгори орому осуда, зиндагии саршор аз нозу неъмат ва музаффарияту нусрати азимро дар кору фаъолият таманно дорам.
Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru