Пешвои миллат- шамси рӯзгори Тоҷикистон

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Дар шаҳри Ҳисор бахшида Рӯзи Президент ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Чорабинии идонаро Раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода ифтитоҳ бахшида, дар суханронии худ зикр бар он дошт:

«Дар ҳама даврҳои мушкилу мураккаб ва лаҳзаҳои тақдирсози миллат ҷамъият ба шахсияти бузурге ниёз дорад, ки ў беш аз дигарон зарурияти таърихиро дарк менамояд ва дар ҳалли мушкилоти ҷомеа камар мебандад. Шахсе, ки дар ҳамин давр бар арсаи таърихи миллати тоҷик қадами миллатсози худро гузоштанд -  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки  16-уми ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд дар Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  дар шароити барои миллати тоҷик ниҳоят ҳассосу мушкил ва сарнавиштсоз доир гардида буд, аз ҷониби вакилон ба ҳайси  раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дар соли 1994 дар асоси интихоботи президентӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаанд.

Мактаби бузурги сиёсӣ, ақидаҳои ҳикматомези оламгир ва мақоми беназири Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - Сарвари тоҷикони оламро дар арсаи ҷаҳонӣ чун сиёсатмадори варзидаву хайрхоҳи аҳли башар, Тоҷикистонро ба ҳайси давлати сулҳпарвару фарҳангсолор ва пешрафту соҳибрушд муаррифӣ кардаааст. Сокинони шаҳри Ҳисор дар симои Пешвои миллат, падари ғамхор ва устоди зиндагии имрӯзу фардои худро эҳсос намуда, азми он доранд, ки бо шукргузорӣ аз давлати сарварии Пешвои миллат дар роҳи шукуфоию ободии Ватани азизамон Тоҷикистон корҳои созандагиву бунёдкориро идома бахшида, Тоҷикистонро дучанд ба кишвари пешрафту мутараққӣ табдил диҳанд…

Бо шукргузорӣ аз фазои орому осуда, тантанаи адолати қонун, пойдории давлати ҳуқуқбунёду демократии тоҷикон ва шодию фараҳи рўзгор дар фарҷоми сухан бори дигар ҳамаи шумо ҳамдиёрони арҷманд ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро бо Рўзи Президент самимона табрику таҳният гуфта, дар роҳи ободию шукуфоии кишвари азизамон барору комёбиҳо ва ба хонадони шумо осудагию рўзгори бофароғат орзу дорам.

Рӯзи Президент – рӯзи ҳастии давлат, пойдории адолати қонун, эҳёи миллат ва тавлиди бахту иқболи неки ҷомеа фархунда бод.»

Баъдан барномаи фарҳангии аҳли санъати шаҳр бахшида Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон манзури ҳозирин гардид.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru