Кори хайру сахо

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 9
  • Минбаъда

Бахшида ба Рӯзи Президент дар мактаб-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсуси шаҳри Ҳисор маҳфили адабию фарҳангӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода ширкат варзида, дар роҳи татбиқи  сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии оилаҳои камбизоат ятимону маъюбон дар арафаи ин ҷашни муқаддас ба таълимгирандагони ин даргоҳи маърифат 4 адад мошинаи дӯхти либос, як адад мошинаи дӯхти пойафзол, 100 адад болопӯши гарм, 20 адад печҳои гармидеҳ, маводи варзишӣ ва хӯрока тақдим намуд. Иҷрои ин амал дар роҳи татбиқи талаботи Барномаи рушди ҳунарҳои дастӣ қадами устувор буда, толибилмон метавонанд бо истифода аз ин таҷҳизоти замонавӣ  ҳунарҳои дӯхти либос, пойафзол ва зардӯзиву наққоширо низ аз худ намоянд. Ҳамчунин, аз ҷониби соҳибкорони саховатпешаи шаҳр ду синфхона бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардида, мавриди истифода қарор гирифт. Бахшида ба ин ҷашн дастурхони идона ороста шуд ва баъдан  барномаи омодакардаи таълимгирандагон, ки  саршор аз шеъру сурудҳо бахшида ба дӯстдории Ватан, шинохти асолати миллӣ ва ифтихор аз Пешвои миллату Тоҷикистони азиз буд, манзури ҳозирин гардид. Наврасони бомаърифат тавонистанд онро бо як маҳорати баланд, таъсирбахш ва ҳикматомез иҷро намоянд. Чунин барномаҳои ҷашнӣ дар дигар муассисаҳои таълимии шаҳр низ барзгузор гардид.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru