Вусъати корҳои ободонӣ

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 2
  • Минбаъда

Сокинони шаҳри Ҳисор дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маъракаи ободонию кабудизоркунӣ, шинонидани гулу буттаҳо ва ниҳолони сояафкан оғоз бахшида, дар баробари тозаву нарм кардани бехи дарахтон ва гулу буттаҳои хиёбону кӯчаҳои шаҳр, қитъаҳои замини ин мавзеъҳоро барои мавсими соли оянда омода мекунанд.

Давоми рӯзҳои ҳафтаи ҷорӣ аъзоёни хоҷагиҳои ҷамъиятию деҳқонӣ, кормандони идораву ташкилотҳои соҳавӣ дастҷамъона меҳнат намуда, азми он доранд, ки шаҳрро ба як гӯшаи ҳамешасабз, шукуфону дилрабо ва макони фароғату истироҳати сокинон ва меҳмонон табдил диҳанд. Ҳар амале, ки дастҷамъона ва ба мақсади рушди ҷомеа оғоз мешавад анҷоми нек хоҳад ёфт. Оғози некро анҷоми нек насиб бод.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru