Таваҷҷӯҳ

http://www.zoofirma.ru/

Ба таваҷҷӯҳи сокинон ва меҳмонони шаҳри Ҳисор расонида мешавад, ки бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт ва рафтуои шаҳрвандон дар кӯчаҳои марказӣ, шоҳроҳи шафати истгоҳи мараказӣ ва атрофи бозори шаҳр шурӯъ аз санаи 28 ноябри соли ҷорӣ ҳаракати нақлиётҳои ҷамъиятӣ ва шахсии мусофиркаш ба самти ҷамоатҳои деҳоти Мирзо Турсунзода, Алмосӣ, Мирзо Ризо, Навобод, Хонақоҳи Кӯҳӣ, Сомон, Деҳқонобод, ҷамоати шаҳраки Шарора ва шаҳри Душанбе аз тавақуфгоҳи воқеъ дар кӯчаи Шарқ, ҳаракати нақлиётҳои мусофиркаш ба самти ҷамоатҳои деҳоти  Дурбат, Ҳисор, Ориён, Душанбе (роҳи Айнӣ) аз назди кӯчаи ба номи Аловиддинов У.А. сурат мегирад. Аз шаҳрвандону меҳмонони шаҳр ва дорандагони воситаҳои нақлиёти ҷамъиятиву шахсӣ эҳтиромона хоҳиш дорем, низоми муқарраргардидаро ба хотири таъмини бехатарии ҳаракат ва интизоми дохилишаҳрӣ риоя намоянд. Қаблан барои ҷонибдориатон  сипосгузорем

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru