Ҳимматбаладони Ҳисор

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

Иҷрои кори хайру савоб, ободонии маҳал, бунёди пулу роҳ, чароғонкунии роҳрав, шинонидани гулу бутта ва дарахтони ҳамешасабз амалҳое мебошанд, ки имрӯзҳо соҳибкорони саховатпешаву бунёдкори шаҳр Қодиров Валиҷон, Розиқов Анвар, Аюбов Комилҷон, Иброҳимов Саъдӣ, Азизов Шуҳрат, Мухторов Шараф, Ҳусейнов Баҳрулло ва Шеров Дӯстмурод маҳаки асосии фаъолияти кории худ қарор додаанд. Дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва раҳнамоии раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода соҳибкорони абармарду ватандӯст ҳудуди шаҳрро ба арсаи корҳои ободонию бунёдкорӣ табдил дода, азми он доранд, ки шаҳри гулафшону ҳамешаҷавони Ҳисорро дучанд ба манзили ободу ҷомеаи пешрафт ва гулистони имрӯзу фардои Ватан табдил диҳанд.

Дар ҳақиқат ҳар нафари диёрдору ватандӯсте, ки имрӯз аз шаҳри Ҳисор дидан менамояд, навкориҳои шаҳрро дида, бори дигар ба иқдомҳои созандагии раиси шаҳр ва соҳибкорони футувватманд ташаккур гуфта, зери лаб байти зеринро замзама менамояд;

Ҳиммат баланд дор, ки мардони рӯзгор,

Аз ҳиммати баланди худ ба ҷое расидаанд.

Бемуҳоббо, дар ҷавоби чунин корҳои ободкору фардосоз  соҳибкорони футувватманде чун Қодиров Валиҷон, Розиқов Анвар, Аюбов Комилҷон, Иброҳимов Саъдӣ, Азизов Шуҳрат, Мухторов Шараф, Ҳусейнов Баҳрулло ва Шеров Дӯстмурод дилу дидаи халқ маскан гирифтаанд. Ҷовидон бод иқдоми созандагии абармардон.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru