ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз191
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2315
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта4849
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта36306
mod_vvisit_counterҲамин моҳ56724
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта53359
mod_vvisit_counterҲамагӣ427177

Тақисмоти қитъаи замин шафоф сурат гирифт

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 2
  • Минбаъда

Бо мақсади таъмини шафофияти амал дар ҷамоати деҳоти Дурбат ба сокинони ҷамоати тариқи қуръакашӣ қитъаҳои замини наздиҳавлагӣ тақсим карда шуд. Сараввал раиси Комиссияи ҷамъиятии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба корҳои анҷомёфта ва низоми тақсимоти замин аз рӯи нишондоди қонунҳои соҳавӣ ба ҳозирин маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Баъдан тариқи қуръакашӣ шаҳрвандон қитъаи замини худро интихоб намда, барои чунин иқдоми наҷиб ва ояндабахш ба сиёсати созандаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори эҳтиром доштанд. Қитъаи замини дар маҳаллаи Уртабузи ҷамоати шаҳраки Шарора ҷудо гардида, дорои шароити мусоид барои зиндагӣ буда, шаҳрвандон метавонанд, дар ин мавзеъ манзили ободу фарҳабахш бунёд намоянд. Оилаҳое, ки бо қитъаи замин таъмин гардиданд, воқеан оилаҳои ниёзманд буда, азми он доранд, бо бунёди манзил шароити зиндагии худро беҳтар намоянд. Манзили ояндаатон ободу рӯзгоратон саршори саодату пирӯзӣ бод, ҳамдиёрони азиз.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru