Тоҷикистон хонаи ободи мо

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Рӯзи шанбеи ҳафтаи ҷорӣ дар шаҳри Ҳисор ҳашари умумишаҳрӣ баргузор гардид, ки дар он беш аз понздаҳ ҳазор пиру ҷавон, коргарону хизматчиёни давлатӣ, мӯйсафедону аҳли намоз дастҷамъона ширкат варзида, дар ободу тоза кардани маҳал, шинонидани дарахту бутта ва аз хазону партоб тоза кардани кӯчаву хиёбон, ҷӯйбору заҳбур ва муҳита атроф саҳм гузоштанд. Заҳмати назарраси сокинони шаҳр дар самти корҳои созандагиву бунёдкорӣ шаҳодат аз он дорад, ки аҳли ҷомеа сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани маъракаи кабудизоркунӣ бо амри виҷдон дастгирӣ намуда, мехоҳанд манзили худро ба макони ҳамешасабз ва шоистаи таҳсин табдил диҳанд. Дар ҷавоби чунин иқдому созандагӣ танҳо зикри он дрем, ки рӯзгоратон чун гулҳои шукуфони Ҳисор ҳамеша саршори табассум ва мояи ифтихор бод, ҳамдиёрони азиз.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru