Ҳамдамӣ бо халқ-ҳадафи фаъолият

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 2
  • Минбаъда

Тариқи Равазаи ягона ниммаи аввали рӯз дар Ҷамоати деҳоти Ориён аз ҷониби раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода Рӯзи қабули шаҳрвандон баргузор гардид. 36 нафар шаҳрвандонро, ки баёнгарии дархосту муроҷиати беш аз се ҳазор сокинони ҷамоатро доштанд, раиси шаҳр қабул намуда, доир ба ҳалли масъалаҳои дархостгардида ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод. Муроҷиати шаҳрвандон асосан марбут ба масоили таъмин бо қитъаи замин, барқ, оби полезӣ, таъмири роҳ ва баҳсҳои оилавӣ буда, дар сурати дарки бештари масъулият метавон онро қонеъ намуд. Раиси шаҳр дар баробари қабули шаҳрвандон бори дигар масъалаҳои ҷамъбасти назарраси нақшаҳои меҳнатӣ дар соли 2017, таъмини нақшаи андоз, пардохти маблағи истифодаи қувваи барқ, тарбияи фарзандон, самаранок истифода бурдани замини хоҷагиҳои деҳқонӣ, омодагии аҳолӣ ба мавсими зимистон, аз байн бурдани сару либоси ба фарҳанги мо бегона ва дар рӯҳи баланди ифтихор аз соҳибдавлатию оромии ҷомеа таҷлил намудани Соли нави мелодиро бори дигар ёдрас намуда, таъкид бар он дошт, ки ҳар шаҳрванди шаҳр вазифадор аст дар роҳи татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бештару беҳтар масъулиятшинос бошад. 
Барои баргузории чунин мулоқоти шафоф ва судманд, ки аз ҳидояту дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, сокинони шаҳр изҳори эҳтиром намуда, бо мақсади шукуфоии диёр ва рушди соҳаҳои хоҷагии халқ фаъолиятро вусъат хоҳанд бахшид.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru