ТАБРИКИ Раиси шаҳр бахшида ба Соли нави 2018

http://www.zoofirma.ru/

Ҳамдиёрони азиз!

Соли 2017 сокинони шаҳри Ҳисор дар роҳи татбиқи сиёсати ояндабахшу боэътимод ва созандаву тамаддунофари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самаранок меҳнат намуда, бо натиҷаҳои азими меҳнатӣ, иҷрои назарраси нақшаҳои соҳавӣ ноил ва дар таъмини рушди бомароми иқтисодию иҷтимоии кишвар ва зиндагии орому осоиштаи ҷомеа саҳми муассир гузоштанд.

Сокинони шаҳр новобаста аз мушкилоти ҷойдошта азми он намуданд, ки соли 2017-ро ба соли иқдомҳои наҷиб, ободкорию созандагӣ ва навовариҳои насли ҷавон табдил дода, симои шаҳрро дучанд шукуфону обод ва пешрафту соҳибиқтисод намоянд.

Бо эътимод метавон зикр намуд, ки тавассути раҳнамоию ҳидоятҳои оқилонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин сол дар таърихи навини давлатдориамон бо воқеаву рӯйдод ва дастовардҳои муаззами халқи тоҷик чун соли хештаншиносиву бунёдкорӣ ва ифтихор аз давлату миллат номнавис хоҳад шуд.

Мо дар остонаи соле қарор дорем, ки оғози бунёдкориҳои халқи тоҷик дар роҳи татбиқи ташаббуси ҷаҳонии Пешвои миллат зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” маҳсуб ёфта, иҷрои дастуру супориш ва ҳидояти Президенти мамлакат, ки аз Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, моро водор менамояд, дар роҳи бунёди давлати комилан демокративу ҳуқуқасоси худ дучанд кору фаъолият намуда, шаҳри Ҳисорро ба як минтақаи ободу пешрафт ва саноатӣ табдил диҳем.

Дар ин лаҳзаҳои гуворо, ки қудуми хуҷастаи Соли нави мелодии 2018  ба хоки мубораки шаҳрамон гузошта мешавад, бо шукргузорӣ аз гузашти як соли таърихӣ ин рӯйдоди наҷибро ба сокинони шаҳр муборак бод гуфта, итминони комил дорам, ки бо шарофати Соли нав, ки аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид, шодию нишот, оромию субот, зафару нусратҳои меҳнатӣ ва ифтихор аз ҳастии давлати орому пешрафт дучанд гардида, аҳли ҷомеа дар роҳи расидан ба олитарин ормонҳои давлатдорӣ бо шарофати меҳнати созандаи худ ба дастовардҳои назаррас мушарраф ва дар татбиқи сиёсати  бунёдкоронаи Пешвои миллат саҳми мунир хоҳанд гузошт.

Бо чунин умеди наҷиб фарорасии Соли нави мелодии 2018-ро аз номи худ ва  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор фархунда бод гуфта, бароятон саодати рӯзгор, дастархони пур аз нозу неъмат, тани сиҳату  хотири  ҷамъ ва беҳтарин ҳадяи қисматро таманно дорам.

Бо эҳтиром,

Раиси шаҳри Ҳисор  Шарифҷон Ҷумазода

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru