Тарғиби Паёми Пешвои миллат дар шаҳри Ҳисор

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқова Насиба, Сироҷов Шарофиддин ва Қодирова Мусаллама, ҳамчунин аъзоёни гурӯҳи таблиғотии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бибиосия Аюбӣ – ноиби директори Агентии хизмати давлатӣ, Абдунабӣ Сатторзода – мудири шӯъбаи Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳо, Сайфиддин Садриддинов – ходими пешбари Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳо, номзади илмҳои иқтисод, Аскар Ҳаким – ходими пешбари Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳо, Шаҳло Акобирова – директори иҷроияи Ташкилоти ҷамъиятии «Хома», аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ дар Қасри фарҳанги шаҳри Ҳисор бо сокинон мулоқоти судманд ҷиҳати тарғиби Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Мулоқотро раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода ифтитоҳ бахшида, аз ҷумла зикри он дошт, ки:

«Аз мӯҳтавои Паёми Пешвои миллат бармеояд, ки масъулияти имрӯзу фардои кишвар, ҳифзи истиқлолият, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту оромии давлату ҷомеа ва ободиву пешрафти Ватани азизамон - Тоҷикистон, аз ҷумла шаҳри Ҳисор ба зиммаи мову шумо фаъолон, аҳли зиё, коргарону соҳибкорон, кишоварзон ва ҷавонони ояндасози диёр гузошта шудааст.

Дастуру супориш ва таҳлилҳои ҳамаҷонибаи Пешвои миллат, ки дар Паём зикр гардиданд, моро вазифадор менамояд, ки дар соли меҳнатии 2018 бо азму иродаи қавӣ ба халқу Ватани маҳбубамон дучанд хизмат намоем».

Баъдан вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқова Н.Н., Абдунабӣ Сатторзода – мудири шӯъбаи Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳо, Аскар Ҳаким – ходими пешбари Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳо, Ш.Акобирова – директори иҷроияи Ташкилоти ҷамъиятии «Хома», аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, Бибиосия Аюбӣ – ноиби директори Агентии хизмати давлатӣ сухан карда, мӯҳтавои Паёмро ба самъи ҳозирин шарҳу эзоҳ доданд.  Баргузории мулоқоту вохӯриҳо то санаи 17 январ дар корхонаву ташкилот ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот идома меёбад. Мулоқотро раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода ҳусни хотима бахшида, барои чунин иқдоми созандаву ояндабахш ба Пешвои миллат аз номи сокинони шаҳр баёни эҳтиром ва эҳтимом дошт.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru