Боздиди раиси шаҳр аз пойгоҳҳои обкашӣ

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 2
  • Минбаъда

Бо мақсади шиносоӣ аз рафти омодагии пойгоҳҳои обкашии шаҳр санаи 14 январ раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода дар ҳамроҳӣ бо масъулони соҳа аз иншоотҳо мазкур боздиди корӣ анҷом дод. Ҳангоми боздид раиси шаҳр таъкид бар он дошт, ки масъулон вазифадоранд, пойгоҳҳои обкашӣ, каналу заҳбур ва дигар иншоотҳои ёрирасони соҳаро то мӯҳлати муқарраргардида ба мавсим омода намуда, барои афзунии ҳосилнокии зироатҳои киштшуда, таъмини меъёри намнокии замин ва дигар талаботи агротехникӣ чораҷӯӣ намоянд.

Бояд тазаккур дод, ки дар хоҷагиҳои деҳқонию инфиродӣ ва заминҳои наздиҳавлигии шаҳрвандон мавсими яхобмонӣ низ идома дорад, ки иҷрои ин амал агар аз як ҷониб барои таъмини намнокӣ ва нобуд кардани ҳашароти зараррасон судманд бошад, аз ҷониби дигар барои фаровонии ҳосил заминаи боэътимод фароҳам меоварад. Корҳои таъмиру тармим дар иншоотҳои обтаъминкунандаи шаҳр бо суръат идома дошта, дар иҷрои ин амал монеае вуҷуд надорад ва то оғози мавсим ба пуррагӣ омодаи фаъолият хоҳанд шуд.



Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru