ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз164
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2315
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта4822
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта36306
mod_vvisit_counterҲамин моҳ56697
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта53359
mod_vvisit_counterҲамагӣ427150

Паём-раҳнамои ҷомеа

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Дар толори шӯъбаи маорифи шаҳр бо иштироки раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода, раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷов Шарофиддин ва Содиқова Насиба Нуруллоевна бо кормандони соҳаи маорифи шаҳр мулоқоти судманд доир ба тарғиби нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар баргузор гардид.

Маърӯзачиён дар суханронии худ зикри он доштанд, ки Паёми Пешвои миллат фарогири самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар буда, дар он нақшаҳои минбаъдаи фаъолият дар ҳамаи самтҳои давлатдорӣ таҳрезӣ гардидааст.

Маорифчиёни шаҳр таъкиди Пешвои миллатро оид ба назарсанҷие, ки созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ доир ба кишварҳои рӯ ба инкишоф анҷом додаанд ва дар соли 2017 Тоҷикистон аз рӯи 4 нишондиҳанда дастрасӣ ба таҳсилот, сифати таҳсилот, сармояи инсонӣ ва қобилияти рақобати он дар миёни 101 давлати ҷаҳон ҷойи 54-умро соҳиб шудааст, баҳои Сарвари давлат ба кори таълиму тарбия ва дар як вақт дарки масъулият дар назди ҷомеа маҳсуб дониста, дар музокираҳои худ ибрози он доштанд, ки минбаъд низ дар роҳи таълиму тарбияи насли ҷавон бештар заҳмат хоҳанд кард.

Дар суханронии вакилон масъалаҳои рушди соҳаи маориф, фарҳанг, тибб, ҳифзи муҳити зист, таъмини амнияти озуқаворӣ, идомаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ, риояи талаботи қарору қонунҳои амалкунанда, таҳияи нақшаи чорабиниҳо  бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ, эътиқод ба  эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёд, таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳифзи амният ва тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бар зидди терроризм ва чанд масъалаи муҳиме, ки Пешвои миллат дар Паёми худ таҳлил намуданд мавриди омӯзиш ва тарғиб қарор гирифт.

Раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода барои ташриф ва баргузории мулоқотҳои судманд ба ҳайати гурӯҳи тарғиботӣ аз номи сокинон изҳори эҳтиром намуда, ба мулоқот ҳусни хотима бахшид.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru