Иҷрои кори хайр

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Дар асоси дастури раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода сокинони шаҳраку деҳаҳои ҳудуди шаҳр рӯзҳои истироҳат ба оромгоҳҳо рафта, дастҷамъона барои тозаву озода гардонидани ҳудуди он ва ба тартиб овардани атрофи манзили охирати гузаштагони хеш фаъолият доранд. Дар идомаи иҷрои ин хайр рӯзҳои истироҳат сокинони Ҷамоати шаҳраки Ҳисор оромгоҳҳои ҳудуди шаҳрро тозаву озода намуда, тасмим гирифтаанд, ҳар моҳ як маротиба дар ин макон ҳашар баргузор намоянд. Бояд тазаккур дод, ки иҷрои чунин амали хайру савоб дар ҳамаи деҳаҳои шаҳр идома дошта, то фарорасии иди байналмилалии Наврӯз азми он доранд, ки мазору оромгоҳ ва ёдгориҳои таърихии ҳудуди шаҳр ҷавобгӯй ба талаботи рӯз ва ба мавзеи сабзу хуррам табдил диҳанд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru