Натиҷагирии аз фаъолият

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

Дар   маҷлиси навбатии Шўрои ҷамъиятии шаҳри Ҳисор, ки бо иштироки раиси шаҳр, раиси Шўрои ҷамъиятӣ муҳтарам Шарифҷон Ҷумазода баргузор гардид, нуктаҳои муҳими Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавзӯӣ Ҳисор сарзамини сайёҳӣ ва макони ҳунармандони асил мавриди баррасии аъзоёни Шӯро қарор гирифта, доир ба масъалаҳои зикршуда қарорҳои дахлдор ба тасвиб расид.

Муҳтарам аъзоёни Шуро ҷиҳати тарғиби Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр якчанд вохӯрию мулоқот баргузор гардид ва мо вазифадорем дар баробари тарғиби ин санади тақдирсоз дар иҷрои он низ саҳмгузор ва масъул бошем.  Пешвои миллат дар назди мо вазифа гузоштанд, барои таъмини рушди босубот, таъсиси ҷойҳои корӣ, бунёди корхонаву сехҳои истеҳсолӣ, таъмини нақшаи андоз, истифодаи самараноки замин ва дар ин замина ба давлати саноатӣ-агарӣ табдил додани Тоҷикистон тадбирҳои заруриро амалӣ намоем.

Соли 2018 аз ҷониби Пешвои миллат Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Ин тадбири саривақтӣ буда, метавонад Тоҷикистон, аз ҷумла шаҳри Ҳисорро чун мавзеи сайёҳӣ ва сарзамини мардуми ҳунарманд муаррифӣ намояд. Шаҳри Ҳисор дорои таърихи куҳан ва ёдгориҳои таърихию макони сайёҳат аст. Мо вазифадорем, тамаддуни миллии худро манзури меҳмонон ва сайёҳон намуда, дар як вақт барои дарёфти ҳунармандони асил ва тарбияи насли ҷавон масъулияти бештарро дарк намоем- иброз дошт дар суханронии худ раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru