Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт…

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 2
  • Минбаъда

Намояндагони Ҷумҳурии Белорус, ки бо сарварии Вазири кишоварзии ин кишвар Заяц Леонид Констанинович ба Тоҷикистон сафари хизматӣ доранд, дар нимаи дуюми рӯз ба шаҳри Ҳисор ташриф оварда, аз рафти корҳои васлу насбгари дар АЗОТ «Агортехсервис» дидан намуданд. Бояд тазаккур дод, ки корхонаи мазкур бо ҳидояти Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарвари ин давлати ба мо ҳамсоя таъсис ёфта, барои таъмини хоҷагиҳои кишоварзӣ бо техникаи соҳавӣ фаъолияти пурсамар дорад. Ҳайати меҳмононро раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода, сафири Ҷумҳурии Белорус дар Тоҷикистон Иванов Олег Николаевич ва намояндагони Вазорати кишоварзии мамлакат ҳароҳӣ намуда, нақшаҳои минбаъдаи фаъолиятро дар ин самт таҳрезӣ намуданд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru