Табрики Раиси шаҳри Ҳисор ба муносибати Рӯзи Модар

http://www.zoofirma.ru/

Модарон ва хоҳарони арҷманд!

Бо фарорасии иди меҳру садоқат – Рӯзи Модар ҳамаи шуморо бо эҳтирому ихлоси фузун табрику таҳният гуфта, бароятон тандурустиву рӯзгори пурсаодат, бахту иқбол, хонаободӣ, барори кор ва хушиҳои зиндагиро таманно менамоям.

Боиси ифтихор аст, ки дар кишвари мо санаи 8 – уми март бо ибтикору раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун Рӯзи модар ва рамзи шинохти мақому мартабаи модарону хоҳарон таҷлил мегардад ва ба яке аз идҳои бошукӯҳ ва писандидатарини мардум табдил ёфтааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд: «Занону модарони мо бо дастони пурмеҳри худ ниҳоли ишқу муҳаббат, меҳру садоқат, саховату асолат ва илму маърифатро парвариш мекунанд ва қалби поки онҳо ҳамеша барои орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат метапад».

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳр пайвасти азми он дорад, ки бо фароҳам овардани шароит ва зоҳир кардани ғамхорӣ ба модарону хоҳарони гиромӣ дар густариши арзишҳои наҷиби инсонӣ, бахусус дар руҳияи баланди ватанпарастӣ тарбия намудани насли наврас, тарғиби ғояҳои худогоҳиву худшиносӣ ва ватандориву ватандӯстӣ бештар саҳмгузор бошад.

Эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳанарҳои мардумӣ моро вазифадор менамояд, дар роҳи донишу ҳунаромӯзии занону духтарон, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби онҳо ба фаъолияти соҳибкорию ҳунармандӣ нақшаҳои муҳимро таҳрезӣ намуда, бо дарёфти истеъдоду тарбияи онҳо муаррифгари тамаддуни миллат худ бошем.

Боварии комил дорам, занону духтарони шаҳри Ҳисор дар соли ҷорӣ чун бонувони ҳунарманду бомаърифат кору фаъолият намуда, дар пешрафти ҳаёти ҷомеа ва ободии Ватани азизамон саҳми худро мегузоранд.

Ба Шумо – модарону хоҳарони гиромиқадр бахту саодати рӯзгор, осмони соф, сулҳу оромии ҷомеа ва иқболи некро таманно намуда, арзи он дорам, ки мо ҳамеша ба бузургӣ, олами меҳру муҳаббат ва сиришти покатон эҳтирому эҳтимоми хоса мегузорем.

Идатон муборак - модарони азиз.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru