Эҳтироми Модар - эҳтироми миллат

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Дар Қасри фарҳанги шаҳри Ҳисор бахшида иди фархундаи баҳору зебоӣ - Рӯзи Модар чорабинии ҷашнӣ баргузор гардид, ки дар он раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода иштирок ва суханронӣ намуда, аз ҷумла зикр дошт:

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Зан - Модарро пеш аз ҳама сарчашмаи меҳру шафқат, чароғи хонадон, тарбияткунандаи ахлоқи поку ҳамида, ҳидоятгари роҳи рост, тарғибгари суннату анъанаҳои ниёгон, дӯстдории Ватан ва волотарин арзишҳои аҳли ҷомеа донистаанд.

Эҳтироми модарро ба ҷой овардан ва барои ӯ хизмат кардан бо ба ҷой овардани рукни ҳаҷ баробар аст. Ҳамагон бояд дар хотир дошта бошанд, ки арҷгузорӣ ба мақому мартабаи волои модар ва ба ҷо овардани ҳурмату эҳтироми ӯ на ин, ки қарзи фарзандӣ, балки яке аз суннатҳои миллии мардуми тоҷик маҳсуб мегардад…

Имрӯз мо шукри даврони истиқлол, шукри сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳадти миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намуда, хурсанд аз онем, ки дар симои Шумо ҳамрозу ҳамқадам ва қувваи бузургеро дорем, ки бо шарофати хирад, дасти дуо ва олами маърифату дониш метавонед, шодию фараҳ, оромию осудагӣ ва дастовардҳои беназирро насиби аҳли ҷомеа ва фарзандону пайвандони худ гардонед ва ҳастии шумо ҳастии  шараф, ақлу фаросат, покӣ ва меҳру шафқат буда, зеби рӯзгор, чароғи хонадон ва беҳтарин баҳонаи дӯстдории зиндагӣ мебошед...

Барои хизматҳои беназир дар роҳи ҳастии аҳли ҷомеа ва ободию пешрафти шаҳри азизамон Ҳисори Шодмон изҳори эҳтиром намуда, ба шумо модарон, бонувону хоҳарони арҷманд рӯҳи матин, рӯзгори обод, хотири шод ва саодати рӯзгорро орзумандам.

Чун рамзи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба хизмату мақоми шоиста дар ҷомеа чанд нафар занон бо Сипосномаи раиси шаҳр қадршиносӣ шуданд.

Баъдан барномаи фарҳангии аҳли санъат, манзури аҳли нишаст гашт, ки фарогири шеъру суруд ва намоишномаҳои мақому бузургии модар ва ҷаҳони андешаҳои поку меҳрубонии ин фариштаи заминӣ буд.

Идатон муборак, модарону хоҳарони азиз.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru