Обдокорию созандагӣ мароми мо

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 6
  • Минбаъда

Имрўзҳо дар саросари ҷаҳон ва дар хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ яке аз қадимтарин, маҳбубтарин ва муқаддастарин оини ниёгонамон ҷашни Наврўзи хуҷастапай тантана дорад, ки он бо насими руҳафзояш ба табиати куҳандиёрамон ҳусну таровати тоза бахшида, аз фарорасии фасли баҳори гулбасар ва айёми шукуфоиву зебоӣ муҷда мерасонад. Таровати диёрро сабзаву себаргаҳои навруста, дарахтони ғарқи гул ва вазиши насими форами баҳор дучанд намуда, азми бунёдкориву созандагиро дар замири ҳар фарди ватандӯсту диёрдор дучанд намудааст. Бо мақсади таҷлили муҳташами иди байнамилалии Наврӯз бо дастури раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода рӯзҳои истироҳат баргузории ҳашари умумишаҳрӣ дар назар аст. Сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот субҳи имрӯз ба корҳои ободонию тоза намудани кӯчаву хиёбон, гулгашту манзили истиқоматӣ ва боғу оромгоҳи деҳаву маҳал машғул гардида, азми он доранд ин ҷашни фархундаи аҷдодиро бо рӯҳияи баланд ва ифтихор аз саодату оромии ҷомеа ва сиёсати тамаддунпарвари Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил намоянд.
Расмҳо аз баргузории ҳашари умумишаҳрӣ ҳикоят мекунанд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru