Табрикоти Раиси шаҳри Ҳисор бахшида Иди байналмилалии Наврӯз

http://www.zoofirma.ru/

Чун Наврӯз пайвандгари насли имрӯз бо расму ойин, арзишҳои парастиши хираду фазилат, зебоиву футувват, меҳру садоқат ва анъаноти ниёгон аст, дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон сиёсати тамаддунпарвари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои Наврӯз ва оинҳои он ҷони тозае ато намуд. Иди Наврўз ҷашни саршор аз шарофату шафоат ва файзу баракат аст. 
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ зикр менамоянд: «Асолати иҷтимоиву ахлоқии Наврӯз хеле бузург буда, нишонаи пешрафти тафаккури созандаву бунёдкоронаи халқ мебошад. Зеро Наврӯз рамзи рӯзи нав, ибтидои соли нав ва иқдому амалҳои нави ободонию тозакориҳо аст. Кишвари мо – Тоҷикистон сарзамини хуршедӣ ва як гӯшаи биҳишти рӯйи замин аст, ки бо қадами мубораки Наврӯз ба гулистон табдил ёфта, бо ҷомаи сабзи худ ба мо зиндагии хуш ва нуру сафоро ҳадя меорад».
Гузашти боз як соли пурбаркату пурфайз ишорат бар он дорад, ки сокинони шаҳр дар роҳи татбиқи сиёсати бахтовару устувори Пешвои миллат дар ҳама самтҳои фаъолият ба дастовардҳои муассири меҳнатӣ ноил гардида, дар шукуфоии Ватани азизамон Тоҷикистон ва иҷрои нақшаҳои соҳавӣ ба натиҷаҳои нек муяссар гардидаанд.
Сокинони шарафманди шаҳрро ба муносибати фарорасии Наврўзи фархундапай табрику таҳният намуда, ба ҳамагон дили саршор аз меҳру муҳаббат, завқи созандаву иродаи нек, осмони софу беғубор, зиндагии бобарор ва саодатмандию сарбаландии рӯзгорро таманно менамоям.
Наврӯзи оламафрӯз муборак!

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru