Рӯзи Наврӯзи Ватан бод муборак ба Шумо

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 6
  • Минбаъда

Субҳи имрӯз шаҳри Ҳисор қабои идона ба бар кардаву пиру барно бо чеҳраи кушоду ифтихор аз фазои орому осуда ва қалби саршор аз муҳаббату садоқат ҳамдигарро бо фарорасии Наврӯзи фархунда таҳният гуфта, сӯи наврӯзгоҳ қадам мезаданд. Дар даромадгоҳи варзишгоҳи “Ҷавонон”-и шаҳр растаи хӯрокворӣ ва ҳунарҳои мардумию дигар намуди маҳсулот барои сокинони ороста гардида, даромадгоҳ ва атрофи майдони варзишгоҳ шаҳомати Наврӯзро чун иди воқеан халқӣ муаррифгар буданд.
Чорабинии ҷашниро Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода оғоз бахшида, зикри он дошт;
“Сокинони шарафманди шаҳри Ҳисорро ба муносибати фарорасии Наврўзи фархундапай табрику таҳният намуда, ба ҳамагон дили саршор аз меҳру муҳаббат, завқи созандаву иродаи нек, осмони софу беғубор, зиндагии бобарор ва саодатмандию сарбаландии рӯзгорро таманно менамоям.
Дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати сиёсати тамаддунпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иди Наврӯз чун пайвандгари насли имрӯз бо расму ойин, арзишҳои парастиши хираду фазилат, зебоиву футувват, меҳру садоқат ва анъаноти ниёгон беш аз пеш шуҳратёр ва ифтихори фарҳанги миллии мо гардидааст. Ба ин маънӣ ҷашни Наврӯз муборактарин ва муқаддастарин анъанаи миллии мардуми мо ба шумор меравад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ зикр менамоянд: «Асолати иҷтимоиву ахлоқии Наврӯз хеле бузург буда, нишонаи пешрафти тафаккури созандаву бунёдкоронаи халқ мебошад. Зеро Наврӯз рамзи рӯзи нав, ибтидои соли нав ва иқдому амалҳои нави ободонию тозакориҳо аст. Кишвари мо – Тоҷикистон сарзамини хуршедӣ ва як гӯшаи биҳишти рӯйи замин аст, ки бо қадами мубораки Наврӯз ба гулистон табдил ёфта, бо ҷомаи сабзи худ ба мо зиндагии хуш ва нуру сафоро ҳадя меорад».
Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аҳмадзода Нурмаҳмад Ато сокинони шаҳри Ҳисорро ба муносибати фарорасии Наврӯзи байналмилал муборакбод гуфта, барояшон табъи Наврӯзӣ, дили саршор аз меҳру муҳаббат, завқу иродаи қавӣ ва саодати зиндагиро таманно намуд.
Барномаи идонае, ки омода намуданд, аз ҷониби ҳозирин хуб пазироӣ шуд, ки саршор аз суруду оҳанг ва таронаҳои наврӯзӣ буд.
Сокинони Ватани азизро бори дигар бо Соли нави аҷдодӣ муборак бод гуфта, хотиррасон менамоем, ки санаи 21 март дар майдони Қалъаи Ҳисор мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор мегардад. Марҳабо ба майдони набард. Тантанҳои наврӯзӣ дар шаҳри Ҳисор идома дорад.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru