Раиси мардумӣ

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 7
  • Минбаъда

Дар ҳузури фаъолону роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо, раисони маҳаллаҳо ва ходимони дин нимаи аввали имрӯз  сардабири ҳафтаномаи «СССР» Сайёфи Мизроб ва масъули озмуни  “Раиси мардумӣ кист” муҳтарама Ҷамила Ҳусейнова барои дарёфти мақоми ифтихорӣ ба раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода ҷоиза ва дипломи озмуни мазкурро тақдим намуд.

Ҷавон ба ин эътибору қадршиносии сокинони шаҳри Ҳисор раиси шаҳр ибрози он дошт:

“Ба ҳайати эҷодии ҳафтаномаи “СССР” барои қадршиносӣ дар озмуни “Раиси мардумӣ кист?”, ки иштироки маро ҳам ҷоиз дониста, давоми соли гузашта аз фаъолияти корӣ ва вазъи зиндагии сокинони шаҳри Ҳисор чанд мақолаи судманд ва манфиатбахшро интишор намуданд, самимияту эҳтироми худро изҳор намуда, барояшон тани сиҳат, рӯзгори обод, қалами бурро ва комёбиҳои беназирро дар фаъолияти корӣ таманно намоям. Ҳамчунин ба муштариёни ҳафтанома, сокинони Тоҷикистони азиз, аз ҷумла ба шаҳрвандони шаҳри Ҳисор, ки барои дарёфти ғолибият дар озмуни мазкур ҷонибдории худро баён кардаанд, эҳтирому садоқати беназир дорам...

Дар баробари дигар рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳурӣ ҳафтаномаи «СССР» чун минбари мӯътабар ва оинаи пок мушкилоти мавҷуда ва нуқсонҳои фаъолияти идеологиро воқеъбинона инъикос намуда, баҳри бунёди ҷомеаи солим саҳми назаррас мегузорад.  Баргузории озмуни “Раиси мардумӣ кист?” бори дигар нишон дод, ки аҳли эҷоди ҳафтанома барои пешрафту шукуфоии Ватани азизамон Тоҷикистон саҳми мунир доранд ва рӯзнома хонандаи худро дорад, ки ин хеле омили муҳими арҷгузорӣ ба заҳмати кормандони ин нашрияи ҷавон ва соҳибмавқеъ маҳсуб меёбад.

Ба ҳайти эҷодии ҳафтаномаи “СССР”  махсусан ба сардабири он муҳтарам Сайёфи Мизроб изҳори сипос намуда, зикри он дорам, ки қадршиносӣ дар ин озмун маро водор менамояд, барои татбиқи сиёсати Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои вазифаи бар зимма доштаам дучанд кору фаъолият намоям”.

Дар маҷлиси фаъолон масъалаҳои ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва омодагии шаҳр ба ҷашни Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ мавриди таҳлил қарор гирифта, бо мақсади дар сатҳи баланди маънавӣ ва ташкили таҷлил намудани санаҳои фархунда дар асоси Муроҷиатномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маъракаи 150 – рӯзи ободонӣ эълон гардид.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru