Ватан дар тинати мову ту ҷонест….

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 5
  • Минбаъда

Хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи муқаддаси фарзандӣ, мояи ифтихору сарфарозӣ ва шарафи бузурги шаҳрвандӣ буда, барои ҳар як ҷавонмарди асил мактаби ҷасорату матонат, дўстиву рафоқат ва худшиносиву меҳанпарастӣ мебошад - иброз дошт раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода дар чорабинии тантанавие, ки субҳи имрӯз бахшида ба гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор баргузор гардид.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 декабри соли 2017 ба ҷавонони кишвар муроҷиат намуда, иброз доштанд, ки дар шароити кунунӣ вазифаи асосӣ ва қарзи виҷдонии ҳар яки онҳо аз он иборат аст, ки «… ба муқобили зуҳуроти номатлуб мубориза баранд, зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат омода бошанд, таъриху фарҳанги халқамонро гиромӣ доранд ва барои ободиву пешрафти минбаъдаи Ватани маҳбубамон саъю кўшиш намоянд».

Ин таъкиди Пешвои миллатро ҷавонони ватандӯсти шаҳр раҳнамои амал қарор дода, ҳимояи марзу буми ватанро вазифаи муқаддаси худ медонанд. Дар рӯзи нахусти гусел 50 нафар ҷавонон барои хизмат сафарбар гардиданд.

Имрўз шумо даъватшавандагонро дар як вазъи тантанавӣ, саршор аз меьру муҳаббат, хушнудӣ ва таъби хушу руҳи болида таҳти суруду мусиқӣ ва фазои форам ба хизмат гусел намуда, умед ба он дорем, ки шумо ҷавонони арзандаи Ҳисори Шодмон анъанаи бузургу таърихии ҷавонмардони бонангу номуси ин диёри муқаддасро идома дода, қарзи фарзандии худро бо сари баланд иҷро хоҳед намуд- баён дошт дар идомаи суханронии худ раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода.

Баъдан барномаи фарҳангии санъаткорони шаҳр манзури аҳли нишаст гардид.

 

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru