ДИҚҚАТ ОЗМУН!

http://www.zoofirma.ru/

Санаи 27 апрели соли 2018 дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ озмун эълон менамояд:

1. Раёсати кишоварзӣ - мутахассиси пешбар (оид ба муҳосибот, 1 воҳиди корӣ);

2. Ҷамоати шаҳраки Шарора - мутахассиси пешбар (оид ба кор бо занон ва ҷавонон, 1 воҳиди корӣ);

3. Ҷамоати деҳоти Ҳисор - нозири мизи ҳарбии бақайдгирӣ (1 воҳиди корӣ);

4. Ҷамоати деҳоти Дурбат - нозири мизи ҳарбии бақайдгирӣ (1 воҳиди корӣ); мутахассис (оид ба масъалаҳои кишоварзӣ, 1 воҳиди корӣ);

Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод: - мутахассиси пешбар (ҳисобчӣ – андозғундор, 1 воҳиди корӣ); - мутахассис  (коргузор, 1 воҳиди корӣ);

5. Ҷамоати деҳоти Алмосӣ - мутахассис (коргузор, 1 воҳиди корӣ);

6. Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Куҳӣ - нозири мизи ҳарбии бақайдгирӣ (1 воҳиди корӣ); - мутахассиси пешбар (ҳисобчӣ – андозғундор, 1 воҳиди корӣ);

7. Ҷамоати деҳоти Навобод - нозири мизи ҳарбии бақайдгирӣ (1 воҳиди корӣ);

8. Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо - сармутахассис (муҳандис-заминсоз, 1 воҳиди корӣ); -сармутахассис (оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, 1 воҳиди корӣ) - нозири мизи ҳарбии бақайдгирӣ (1 воҳиди корӣ); - мутахассиси пешбар (ҳисобчӣ – андозғундор, 1 воҳиди корӣ);

9. Ҷамоати деҳоти Мирзо Турсунзода - мутахассис (оид ба масъалаҳои кишоварзӣ, 1 воҳиди корӣ);

10. Ҷамоати деҳоти Ориён - сармутахассис (муҳандис-заминсоз, 1 воҳиди корӣ); - мутахассис (оид ба кор бо занон ва ҷавонон, 1 воҳиди корӣ);

Маоши:

- сармутахассис – 853 сомонӣ (категорияи панҷум)

- мутахассиси пешбар – 697 сомонӣ (категорияи шашум)

- мутахассис – 572 сомонӣ  (категорияи ҳафтум)

Талаботҳои тахассусӣ

барои ишғолкунандагони мансабҳои маъмурии хизмати давлатии мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот

1.Барои ишғолкунандагони мансабҳои маъмурии категорияи панҷум:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

– 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

2. Барои ишғолкунандагони мансабҳои маъмурии категорияи шашум:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

3. Барои ишғолкунандагони мансабҳои маъмурии категорияи ҳафтум:

– таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

Номгўи ҳуҷҷатҳое, ки барои иштирок дар озмун заруранд:

1. Варақаи шахсӣ

2. Тарҷумаи ҳол

3. Нусхаи шиноснома

4. Нусхаи диплом

5. Маълумотнома тиббӣ

6. Расм 3х4   4 дона

7. Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ

8. Нусхаи рақамаи мушаххаси андозсупоранда (ИНН)

9. Нусхаи билети ҳарбӣ

10. Маълумотномаи надоштани доғи судӣ

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба телефонҳои зерин муроҷиат намоед:

(8-31-39) 25-3-61, 26-3-00

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru