Кишти пунбадона

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 2
  • Минбаъда

Санаи 5 апрели соли ҷорӣ Вазири кишоварзии мамлакат Изатулло Сатторӣ дар ҳамроҳӣ бо раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода ва масъулини соҳаи кишоварзии шаҳр аз рафти кишти пунбадона дар хоҷагиҳои кишоварзӣ, омодагии техника, пойгоҳҳои обкашӣ, захираи чигити пунбадона ва сифати он шинос шуд. Дар мулоқот бо аъзоёни хоҷагӣ Изатулло Сатторӣ таъкиди он дошт, ки саривақт ва хушсифат гузаронидани кишти пахта омили муҳим барои рӯёнидани ҳосили фаровон маҳсуб ёфта, кишоварзони шаҳр вазифадоранд, дар майдони 3 000 гектар пунбадона кишт намоянд. Барои иҷрои ин амал дар шаҳр шароиту имконият мавҷуд буда, пахтакорони шаҳр ваъда доданд, мавсими киштро дар мӯҳлати муқарраргардида ба анҷом расонанд. Боздиди вазири кишоварзиро аз майдонҳои кишти пахта метавон судманд ва раҳнамои амалӣ рӯзи фардо ба қалам овард.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru