Натиҷагирӣ аз фаъолият

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 5
  • Минбаъда

Баргузории маҷлиси ҳисоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор ҷиҳати фаъолияти ҳизб дар соли 2017 бо иштироки намояндаи дастгоҳи марказии ҳизб Ҳабибзода Зоҳир ва раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода гувоҳӣ аз он дорад, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор дар самти татбиқи Барномаи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон, иҷрои дастуру супоришҳои Раиси Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми фаъолияти худ як зумра корҳои муҳим ва шоистаро амалӣ намудааст.

Дар оғоз раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор Аловиддиноф Ф.У. оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демкратии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор маърӯза намуд. Баъдан чанд нафар аз аъзоёни ҳизб ба музокира баромада, фаъолияти комиҷроияро мусбӣ маънидод карданд ва пас аз суханронии музокирачиён ва раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода дар маърӯзаи худ зикри он дошт, ки: “Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар таъмини рушди бомароми ҷомеа, сулҳу оромӣ, устувории ваҳдати миллӣ, ва татбиқи муҳимтарин ормонҳои давлатдорӣ чун нерӯи сернуфузи тавонои сиёсӣ мақоми сазовор дорад.

Мардуми шаҳри Ҳисор ифтихор аз он доранд, ки бо сарварию ҳидоятҳои падаронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қаламрави Ватани маҳбубамон корҳои бузурги ободонию созандагӣ идома доранд ва таҳкими истиқлолияти миллию давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, таъмини рушди босуботи кишвар ва рушди пояҳои маънавии ҷомеа аз муҳимтарин самтҳои фаъолият буда, мо аъзоёни ҳизбро водор менамояд содиқона ва бо амри дилу виҷдон баҳри амалисозии ҳадафҳои муҳими сиёсии ҳизабамон кору фаъолият намоем.”

Дар анҷом ба шаҳрвандоне, ки барои аъзо шудан ҳизб ариза пешниҳод кардаанд, билети ҳизбӣ тақдим карда шуд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru