Вохӯрӣ бо собиқадорони ҷанги Афғонистон

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

Бахшида ба солгарди баровардани қушунҳои собиқ Давлати шӯравӣ аз давлати Афғонистон дар маҷлисгоҳи шаҳри Ҳисор бо иштироки раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода ва сарбозони башардӯст ҷамъомад баргузор гардид, ҷамъомадро раиси шурои собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳр Аъзамов И. ифтитоҳ намуда, аз таърихи набардҳои хунин ва қаҳрамониҳои фарзандони тоҷик дар хоки Афғонистон ёдрас шуд.

Баъдан раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода маъруза намуда, зикри он дошт: «Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон тавассути сиёсати башардӯстонаву оқилонаи Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷ гузоштан ба зиндагиномаву корнамоиҳои фарзандони асилу қаҳрамони миллат ба як самти муҳими фаъолият табдил ёфтааст ва мо ҳамеша хизмату корнамоиҳои шуморо қадр ва эҳтиром менамоем.

Имрӯз ифтихор аз он дорем, ки шумо  фарзандони асили Ватан дар ҷабҳаҳои ҷанги шадиду хунин ба хотири пойдории сулҳу оромӣ ва таъмини зиндагии осоишта дар кишвари Афғонистон далерона ҷангида, ҳоло бо таҷрибаи ибратомӯзи худ дар ободу зебо гардонидани Ватани азизамон ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ саҳмгузор ҳастед.

Таърихи ҷанги Афғонистон бори дигар собит намуд, ки бузургтарин неъмати рўи замин Сулҳ аст ва мо бояд ба қадри сулҳ ва оромию осудагии Ватан бирасем ва онро чун гавьараки чашм муқаддас дорем...”

Сипас чанд нафар аз сарбозони башардӯст бо Ифтихорномаи Вазорати мудоифаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадршиносӣ шуданд.

 

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru