ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз113
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2315
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта4771
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта36306
mod_vvisit_counterҲамин моҳ56646
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта53359
mod_vvisit_counterҲамагӣ427099

Баргузории иҷлосияи навбатӣ

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

«Рафти иҷрои қарори Раиси шаҳри Ҳисор аз 19 феврали соли 2018, №155 “Дар бораи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор, даъвати панҷум бо иштироки вакилон ва фаъолони шаҳр мавриди баррасӣ қарор гирифт. Иҷлосияро раиси маҷлиси  вакилони халқи шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода ҳусни оғоз бахшид ва оид ба масъалаи зикршуда  муовини Раиси шаҳр маърӯза намуд.

Баъдан масъалаҳои «Дар бораи рафти иҷрои “Барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” дар шаҳри Ҳисор”,  «Дар бораи тасдиқи низомномаи комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо»,  «Ахбороти комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор оид ба масъалаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, занон ва оила, ахбори омма ва масъалаҳои иҷтимоӣ» ва дигар масъалаҳои дар рӯзнома зикршударо мавриди баррасӣ  қарор дода, қарорҳои Раиси шаҳри Ҳисорро, ки аз сесияи гузашта то ин сесия қабул гардиданд, тасдиқ намуданд.

Оиди масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru