ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз132
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2315
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта4790
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта36306
mod_vvisit_counterҲамин моҳ56665
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта53359
mod_vvisit_counterҲамагӣ427118

Ҷамъбасти фаъолият дар се моҳи аввал

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

Даромади умумии буҷети давлатӣ  дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 104,9 фоиз таъмин гардида, ба ҷои 35 миллиону 121 ҳазору 451 сомонии банақшагирифташуда 36 миллиону 862 ҳазору 231 сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 1 миллиону 740  ҳазору 910 сомонӣ бештар ворид гардида, нисбат ба семохаи якуми соли 2017 ба маблаҳи 6 миллиону 468 хазору 183 сомонӣ зиёд мебошад.

Қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳр аз хисоби сарчашмахои дохилӣ ба андозаи 102,9 % таъмин гардида, ба буҷет ба ҷои 23 миллиону 832 хазору 728 сомони нақшаи пешбинишуда  24 миллиону 543 хазору 241 сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 710 хазору 513 сомонӣ бештар ворид гардида, нисбат ба хамин давраи соли гузашта 2 миллиону 984 хазору 696 сомонӣ зиёд мебошад...

Дар маҷмўъ ҳаҷми умумии даромади буҷети шаҳр 36 миллиону 862 хазору 231 сомониро ташкил дода, иҷроиши он 104,9 фоиз таъмин гардид.

Корхонахои саноатӣ бо назардошти тадқиқотхо бо нарххои амалкунанда дар мохи январ-марти соли 2018 ба маблағи 44,9 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол ва коркард кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 18,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Натиҷаи фаъолияти истеҳсолии кишоварзони шаҳри Ҳисор ба он оварда расонид, ки дар се моҳи соли 2018 ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолкардаи кишоварзон ба 47 миллиону 612 ҳазор сомонӣ баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 101,6 фоизро ташкил менамояд.

Ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолгардида дар самти растанипарварӣ 1 миллиону 14 ҳазор сомонӣ ва дар самти чорводорӣ 46 миллиону 599 ҳазор сомониро ташкил намуда, нисбатан ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи растанипарварӣ ба андозаи 178 фоиз ва чорводорӣ 101 фоиз зиёд мебошад - иброз дар маърӯзаи ҳисоботии худ оид ба ҷамъбасти фаъолият дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ муовини раиси шаҳр Назарзода А.

Баъдан раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода фаъолияти соҳаҳои хоҷагидории шаҳрро мавриди баррасӣ қарор дода, дастуру он дошт, ки: Бо мақсади зиёд намудани номгӯи маҳсулот дар соҳаи саноат, таъмини истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда ва корхонаҳои сохташаванда, барқарорсозии иқтидорҳои кӯҳна, мусоидат ба рушди соҳибкории хурду миёна, зиёд намудани номгӯи маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, бунёди корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла сехҳои коркарди меваю ангур, ҳунарҳои дастӣ, қолинбофӣ ва алочабофӣ, истифодаи сарфакорона ва самараноки захираҳои энерегетикӣ, баланд бардоштани фаъолияти самараноки шабакаҳои барқӣ, таъмини сифатнок ва самараноки нақшаҳои буҷет, дарёфти сарчашмаҳои иловагии андозбандӣ, ҷалби тамоми манбаъу захираҳои молиявӣ ба даромади буҷет, кам кардани бақияи қарзи андозҳо ва пешгирӣ намудани пайдошавии бақияпулиҳои нав, инчунин истифодаи оқилонаву сарфакорона ва мақсадноку самарабахши захираҳои моддиву молиявии буҷетҳои маҳаллӣ  тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.

Аз муҳокимаи масъалаи мазкур бармеояд, ки  фаъолон ва мардуми сарбаланди шаҳр иҷрои вазифаҳоеро, ки баён гардиданд, таъмин намуда, дар татбиқи сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати ҷумҳурӣ  ва иҷрои нақша - чорабиниҳои соҳавӣ, барномаҳои давлатӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru