Ҷавонон созандагони фардои Ватан

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 6
  • Минбаъда

 

Дар толори қасри фарҳанги шаҳри Ҳисор бо иштироки Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз – ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Мирбобоев Раҳматулло - муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шарифҷон Ҷумазода – раиси шаҳри Ҳисор бо ҷавонони болаёқат гирандагони стипендияи президентӣ, раиси шаҳр, ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ ва донишҷӯёне, ки тибқи квотаи президентцӣ дар муассисаҳои олии кишвар таҳсил мекунанд вохӯрӣ баргузор гардид. Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз – ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дар суханронии худ сиёсати кунунии Ҳукумати мамлакат ва Пешвои миллатро дар самти фаъолияти ҷавонон шарҳу эзоҳ дода, даъват бар он дошт, ки ҷавонон бояд бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, чун мутахассиси соҳибмалака дар рушди иқтисодиёти кишвар саҳмгузор бошанд. Мирбобоев Раҳматулло - муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат нисбати рушди соҳаи маориф ва корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар соҳаи маориф ёдрас шуда, зикри он дошт, ки зиёд шудани теъдоди стипендияҳои Президентӣ ва ҳамзамон афзудани ҳаҷми онҳо, инчунин ҳамасола бештар шудани шумораи квотаҳои президентӣ, донишҷӯён дар мактабҳои олии кишварҳои хориҷӣ ва монанди ин худ гувоҳи онанд, ки сарнавишт ва ояндаи ҳар ҷавони тоҷик аз мадди назари давлат ва Ҳукумат берун намемонад.

Дар вохурӣ ҳамчунин чанд нафар аз собиқадорон ва донишҷӯён ибрози андеша намуда, барои ғамхорию дастгириҳои пайваста ба Пешвои миллат изҳори сипосу эҳтиром доштанд.

Раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода таваҷҷӯҳ ба вазъи таҳсил ва таъмини зиндагонии хубу шоистаи хонандагону донишҷӯён пайваста аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар заминаи чунин муносибат ҳадафҳои аслии давлат дар соҳаи маориф, ки ба тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯӣ ниёзҳои ҷомеаи имрӯз равона шудааст, ба шоистагӣ пайванди воқеӣ мегиранд ва ҳузури меҳмонони олиқадр низ нишони изҳори таваҷҷӯҳ ва огоҳи аз вазъи ҷавонони кишвар омили муҳим дар тарбияи насли наврас арзёбӣ кард.

Баъдан ба гирандагони стипендияи раиси шаҳр 900 сомонӣ маблағ, ба 10 омӯзгорони пешқадам ва 20 нафар хонандагон тӯҳфа ва кафолатнома барои ройгон гирифтани сару либоси мактабӣ тақдим гардид.

Растаи ҳунарҳои мардуми низ баёнгари истеъдоду ҳунармандии муьассилин буд. Баъдан барномаи консертии хонандагони муасссисаҳои таълимии шаҳр манзури аҳли толор гардид.

 

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru