ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз2811
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1769
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта12272
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта13488
mod_vvisit_counterҲамин моҳ35658
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта56757
mod_vvisit_counterҲамагӣ1131065

Аёдати абармардони Ватан

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шинохти корнамоиҳои абармардони набардҳои ҷанги дуюми ҷаҳон ва бузургдошти Рӯзи Ғалаба зикр намудаанд: «Рӯзи Ғалаба рамзи ватандӯстӣ, фидокорӣ, иттиҳод ва рӯҳи шикастнопазири халқҳои мост. Ҳамасола таҷлил намудани Рӯзи Ғалаба, поси хотири ҳалокшудагон, қадрдонии родмардони набардҳои шадид ва заҳмати бекарони онҳое, ки дар ақибгоҳ дар шикасти душман саҳм мегирифтанд, худ анъанаи нек ва сабақи ибратомӯз барои наслҳои имрӯза аст».

Бахшида ба солгарди Рӯзи Ғалаба раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода дар ҳамроҳӣ бо Файзуллозода Шараф Ҷаббор сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро аёдат намуда, аз номи Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чор ҳазор сомонӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр як ҳазор сомонӣ маблағро тақдим намуда, барои ҷоннисорию фидокорӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ изҳори эҳтиром намуда, барояшон тани сиҳҳату рӯзгори бегазанди пириро таманно намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки сокинони шаҳр бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу амният, ваҳдату якпорчагӣ, хираду маърифати оламгир, сиёсати созандаю бунёдкоронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диловарию қаҳрамонии мардони далери Тоҷикистонро дар майдонҳои ҷанг, меҳнати шуҷоатмандонаи мардуми кишварро дар ақибгоҳ бо некӣ ёд мекунанд ва сарбаландона корнамоиҳои аҷдодони бонангу далери худро тарғиб намуда, онро чун мактаби бузурги таҷриба дар роҳи ватандорию меҳанпарастӣ истифода менамоянд.

 

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru