Рӯзи зафар муборак

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

Сокинони шаҳри Ҳисор бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу амният, ваҳдату якпорчагӣ, хираду маърифати оламгир ва сиёсати созандаю бунёдкоронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диловарию қаҳрамонии мардони далери Тоҷикистонро дар майдонҳои ҷанг, меҳнати шуҷоатмандонаи мардуми кишварро дар ақибгоҳ бо некӣ ёд карда, сарбаландона корнамоиҳои аҷдодони бонангу далери худро тарғиб ва онро чун мактаби бузурги таҷриба дар роҳи ватандорию меҳанпарастӣ истифода менамоянд.

Бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар Қасри фарҳанги шаҳр чорабинии идона баргузор гардид. Раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода собиқадорони ҷангу меҳнат, сарбозони байналмилал, барқароркунандагони сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон, чернобилчиён ва сокинони шаҳри Ҳисорро ба ифтихори Рӯзи Ғалаба самимона табрику таҳният гуфта, зикри он дошт:

«Ба набардҳои даҳшатангези Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 сафарбар гардидани 250 ҳазор ҷанговарони тоҷикистонӣ, аз байни онҳо 63 нафар мушараф гардидан ба унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ, 15 нафар бо се дараҷаи ордени Шараф ва ҳазорон нафари дигар бо ордену медалҳои ҷангӣ нишони он аст, ки падару бобоёни мо барои пойдории адолат, оромии ҷомеа ва тантанаи сулҳу саодат дар рӯи замин ҷонбозию фидокориҳои бемисл нишон додаанд.

Ҷавобан ба корнамоии онҳо қарзи фарзандии ҳар яки мост, ки қаҳрамонони миллати худро азизу арҷманд дорем ва дар тарбияи ҳаррӯзаи ҷавонон мактаби қаҳрамонии онҳоро мавриди тарғибу омӯзиш қарор дода, дӯстдори Ватан, истиқлолият ва татбиқгари сиёсати оқилонаву сулхоҳонаи Пешвои маҳбуби халқу миллати худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошем».

Баъдан барномаи консертии аҳли фарҳанги шаҳр ва намоишномаи таҳиякардаи ҳунармандони театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов манзури аҳли нишаст гардид. Баргузории тантанаҳои ҷашнӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва муассисаву идораҳои шаҳр идома дорад.

Рӯзи Ғалаба муборак, ҳамдиёрони азиз.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru