Омодагӣ ба ҷанши Истиқлолият

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

Санаи 28 майи соли 2018 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр машварати кории Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Иззатулло Сатторӣ ва Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода бо фаъолони шаҳр баргузор гардид. Иззатулло Сатторӣ аз ташаббусҳои наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳтади миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ёдовар шуд. Бо мақсади истиқболи ҷашни пуршукўҳи Истиқлолият тибқи супориши Пешвои миллат -  зикр намуд Иззатулло Сатторӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳру навоҳии кишвар гурўҳҳои корӣ сафарбар гардида, давоми як моҳ бо аҳолӣ сўҳбату мулоқотҳо баргузор менамоянд. Фикру мулоҳизаҳои мардумро меомўзанд ва бо ҷалби аҳолӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ корҳои созандагию ободониро вусъат мебахшанд. Мақсад аз баргузории чунин чорабини, ки фаъолияти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳрро фаро мегирад, таҳкими фазои сулҳу оромӣ дар кишвар, тараққӣ додани соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, сохтани муассисаҳои таълимию тиббӣ, фарҳангию варзишӣ ва ғайраҳо мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки ҷиҳати иҷрои ин дастури Пешвои миллат дар асоси амри раиси шаҳр гуруҳҳои корӣ таъсис ёфта, давоми беш аз як моҳ аст, ки дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо аҳолӣ мулоқоту сӯҳбатҳои судманд доранд ва мақсад аз ин амал вусъат бахшидани корҳои ободоонӣ, бунёди муассисаҳои таълимию фарҳангӣ, тиббӣ, таъмири роҳҳо, ободу зебо нигоҳ доштани муҳити зист маҳсуб меёбад.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru