Риояи интизом- гарави комёбӣ

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 2
  • Минбаъда

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳвандон, пешгирии ҷинояткорӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, равияҳои тундрави ифротӣ, даст назадан ба ҷиноят, корҳои номатлуб ва ҳифзи арзишҳои миллӣ, ки аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба аҳолии кишвар бармеояд, дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр вохӯрии аҳли ҷамоатчигии шаҳр бо намояндаи мақомоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар оғоз раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода нуқтаҳои муҳими Паёми Пешвои миллатро шарҳу эзоҳ дод ва баъдан сардори Раёсати ташкилӣ ва назорати иҷрои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири адлияи дараҷаи якум Шарифзода Шарифҷон Бег доир ба ба масъалаҳои зикршуда, ибрози андеша намуда, масъалаҳои таъмини амнияти миллӣ, волоияти қонун, устувории ваҳдати миллӣ ва муаррифии Тоҷикистонро дар сатҳи ҷаҳон чун давлати демократию ҳуқуқбунёд ва сарзамини мардуми тамаддунофар аз самтҳои муҳими сиёсати ояндабхши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ кард. Дар Паёми имсолаи худ Пешвои миллат масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, хариду фурӯши одамон, муқовимат бо коррупсия ва дар маҷмӯъ ҷиноятҳои муташаккили трансмиллиро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии давлат, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ арзёбӣ намуда, таъкид бар он доштанд, ки дар роҳи бунёди давлати тозаистиқлол мо бояд ҳеҷ гоҳ ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем ва Истиқлолияти давлатии худро чун гавҳари чашм ҳифз ва эҳтиёт намоем.

Баргузории чунин вохӯрию мулоқот бори дигар шаҳодат аз он дошт, ки Паёми Пешвои миллат воқеан санади тақдирсоз буда, тарғиби он метавонад дар рушди ҷомеа ва устувории оромию ваҳдати миллӣ саҳми мунир гузорад.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru