Иҷрои амали хайр

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 8
  • Минбаъда

Бахшида ба Рўзи умумиҷаҳонии ҳифзи ҳуқуқи кўдак бо ҳидояти Президенти Фетератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ҳайати роҳбарӣ ва футболбозони дастаи «Истиқлол» ба 345 нафар тарбиятгирандагони мактаб – интернати ҷумҳуриявии низомаш махсуси шаҳри Ҳисор ва 241 нафар маъюбони муассисаи давлатии хона – интернати бемориҳои рўҳии шаҳр туҳфа, аз ҷумла сару либоси варзишӣ ва маҳсулоти хўрока аз қабили орд, равған, шакар, гўшт ва меваю сабзавот тақдим намуданд. Ин иқдом дар пайравӣ ба ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии табақаи ниёзманди аҳолӣ ва ятимону маъюбон роҳандозӣ шуда, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои иҷрои ин амали нек ва футуввату саховат ба Президенти Фетератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои аҷоми чунин иқдоми хайр изҳори сипосу эҳтиром дорад.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru