Ҳар кӣ хандонад ятими хастаро…

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 7
  • Минбаъда

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ зикр намудаанд, ки: «Дар замони соҳибистиқлолӣ дар баробари дигар масъалаҳои муҳим фароҳам овардани шароит ба зиндагии шоистаи ятимону маъюбон ва муҳтоҷону камбизоатон ҳадафи асосии сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати мамлакат ба ҳалли проблемаҳою мушкилоти ятомону бепарастрон эътибори ҷиддӣ медиҳад ва барои шароити хуби зисту зиндагии онҳо мунтазам чораҳои зарурӣ мандешад» - иброз дошт раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода дар вохӯриӣ бо ятимони кулли шаҳр.

Бояд тазаккур дод, ки вохӯрии мазкур дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба Рӯзи байналхалқии ҳимояи кӯдакон баргузор гардид ва ба 70 нафар ятимони кулл сару либоси мактаби ройгон тақдим гардид.  Санаи 31 май низ ҳангоми баргузории Рӯзи қабули шаҳрвандон дар ҷамоати деҳоти Сомон низ ба 11 нафар ятимони кулл, ки дар ҷамоати мазкур зиндагӣ доранд либос ва тӯҳфаи идона тақдим гардид.

Раиси шаҳр аз наврасону ҷавонон даъвати он дошт, ки ба омӯзиши  илму дониши муосир машғул гардида, нерӯи ақлонии худро барои роҳандозӣ намудани илму дониш баҳри корҳои созандагӣ истифода намоянд ва барои ояндаи кишвар чун шахсиятҳои бофарҳанг ва ватандӯсту худшинос ва ворисони арзанда ба камол бирасанд, ифтихор аз ҳастии Ватан ва сиёсати оқилонаю инсонпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳамеша бояд дар вуҷудашон бояд падидор бошад.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru