Боздид аз варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Санаи 4 марти соли 2017 дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бозии футбол барои дарёфти Суперҷоми Тоҷикистон байни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Ҳосилот»-и Фархор баргузор мегардад. Ҷиҳати ташкили корҳои омодагӣ, ободу зебо намудани муҳити атроф ва ҷалби бештари мухлисону дӯстдорони футбол ба мусобиқаи мазкур раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода дар варзишгоҳ бо масъулини соҳа ҷаласаи корӣ доир намуд. Бояд тазаккур дод, ки варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор дорои 20 000 ҷои нишаст буда, барои баргузории мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ ҷавобгӯӣ талабот аст. Сокинони шаҳри Ҳисор барои чунин иқдоми нек ба Раиси федератсия футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ изҳори сипосу эҳтиром намуда, омодаанд дар мақоми худ барои рушди футболи тоҷик ва тарғиби тарзи ҳаёти солим бештар беҳтар саҳмгузор бошанд.

Марҳабо, ба майдони сабзи футбол ба мусобиқаи дарёфти Суперҷоми кишвар.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru