Табрикоти Раиси шаҳри Ҳисор ба муносибати Иди саиди Фитр

http://www.zoofirma.ru/

Ҳамшаҳриёни гиромӣ!

Дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо Иди саиди Фитр чун иди аҷдодӣ ва аҷргузорӣ ба арзишҳои инсондустонаи дини мубини Ислом таҷлил мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба моҳияту бузургии моҳи шарифи Рамазон ва нақши созандаи он дар ҳаёти мусалмонони кишвар изҳори андеша намуда, ёдовар шуданд, ки:   "...моҳи шарифи Рамазон моҳи хайру савоб, иҷобати дуо, қабули тавба, паҳрезу накукорӣ, худдорӣ кардан аз аъмоли зишт, аёдати падару модарон, беморону ранҷурон, мададу ёрмандӣ ба ятимону маъюбон ва камбизоату дармондагон аст.

Аз ин ҷиҳат, дар айёми пурбаракати моҳи шарифи Рамазон мардуми мо кӯшиш мекунанд, ки фазилатҳои паҳрезу накӯкориро бештар риоя кунанд".

Имрӯз дар кишвар фазои мусоиди динӣ ҳуқумрон аст. Мардуми мусулмон имконияти озодона адо намудани маросимҳои динӣ ва эътиқодиро доранд. Ин ҳама аз сиёсати инсонпарварона ва башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Суханрониҳои Пешвои миллат дар ҷаласаи бузурги байналхалқии “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”, ки дар пойтахти ватанамон шаҳри Душанбе баргузор гардид бо ҷонибдорӣ аз покизагии дини мубини ислом ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо мамолики гуногуни олами ислом аз он шаҳодат медиҳад, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол аз зумраи давлатҳои озоду ободест ва дар роҳи демократикунонӣ ва дунявиятии ҷомеа қадамҳои устувор гузошта истодааст. Дар Тоҷикистони озоди мо расму оинҳои миллию мардумӣ, анъана ва маросимҳои динӣ низ риоя мегардад.

Моҳи шарифи рамазон ҳақиқатан моҳи муборак ва эҳсону саховат аст. Ин ҷашн аз ощози пойдоиш орзуи фаровонии ризқу рӯзии одам, садақаву хайротро ба оилаҳои камбизоат ва эҳтиёҷманд, ростиву росткорӣ, сабру таҳаммулпазирӣ, шуҷоату матонат ва дар роҳи Ҳақ, фидокор буданро дар таъмини ҳаёти осоиштаи мардум ифода мекунад.

Бояд тазаккур дод, ки дастгирии ятимону бепарасторон, маъюбону мардуми камбизоат ба як самти муҳими сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон табдил ёфтааст ва дар партави ин сиёсат дар шаҳри Ҳисор низ пайваста амалҳои нек анҷом меёбад ва сокинони шаҳр баҳри иҷрои ин амали хайр камари ҳиммат баста, дар иҷрои корҳои хайру савоб ва ободии маҳал бештару беҳтар саҳм мегузоранд.

Бо такя ба ҳастии футувват ва хиради оламгири халқи кӯҳанбунёди тоҷик дар асоси дастуру ҳидоятҳои падаронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дар сатҳи баланди маънавию ташкилӣ таҷлил намудани ҷашни таърихии 30-солагии Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламравӣ шаҳр корҳои ободонию созандагӣ, бунёди иншоотҳои ҳаётан муҳим, мактабу синфхонаҳои иловагӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, чойхона, ҳамом, майдончаҳои варзишӣ, таъмири роҳу манзилҳои истиқоматӣ ва дигар амалҳои созандагӣ вусъати тоза касб кардааст ва эътиқод бар он дорам, ки шумо ҳозирини муҳтарам ва сокинони шарафманди шаҳри Ҳисор дар иҷрои ин корҳои хайру ояндабахш фаъолона ширкат варзида, манзилу кӯча, деҳаву муҳити зисти худро ба як маҳали пешрафт, дорои қудрати бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва хурраму шукуфон табдил хоҳед дод.

Аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор сокинони шаҳрро бо фарорасии  Иди саиди Фитр табрику таҳният намуда, дар иҷрои корҳои хайру савоб ва созандагиву ободонӣ бароятон барору кушоиш таманно дорам ва ба ҳамагон саломативу умри дароз, хотири ҷамъ ва комёбиҳо орзумандам.

Иди саиди Фитр муборак, ҳамшаҳриёни азиз.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru